29 майи соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ - Италия”, ки дар қолаби С5+1 дар шаҳри Рим баргузор гардид, ширкат намуд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, обу энергетика, муҳити зист, нақлиёт, сайёҳӣ ва маориф, инчунин мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, дар остонаи нишасти мазкур ҷаласаҳои алоҳида дар мавзуъҳои обу энергетика, нақлиёт ва маориф доир гардид, ки дар онҳо намояндагони кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan