11 июни соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо президенти Донишгоҳи федералии Қазон Рияз Минзарипов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба омода кардани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор карданд.
Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.
Пас аз анҷоми мулоқот бо Р. Минзарипов, суҳбати Сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон, диаспораҳо ва варзишгарони Тоҷикистон, ки дар бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС иштирок менамоянд, доир гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan