Вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Ҳолланд

18.07.2016 16:37

18 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Ҳолланд Ҳенри Ҳуберт Дриссерро  бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро оид ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳолланд тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории амиқро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён карданд.

Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Ҳ. Ҳуберт Дриссер дар пешбурди фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақият таманно кард.

Вохӯрӣ бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Ҳолланд

Нигористон

Тақвим