Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири неруи Эрон

20.07.2016 17:02

19-уми  июли соли ҷорӣ дар ҳошияи чорумин ҳамоиши байналмилалии энергияи бодии Эрон Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо Ҳамид Читчиён, Вазири неруи ҶИЭ, ҳамзамон Ҳамраиси Комиссияи  муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶТ ва ҶИЭ мулоқот доир намуд.

Н.Эмомзода дар мавриди баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” ки рўзҳои  9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суҳбат намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо зимни мулоқот, вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон табодули назар намуданд.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири неруи Эрон

Нигористон

Тақвим