19 июли соли 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён нусхаи Эътимодномаи худро ба Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Шевки Мутевеллиоглу супорид.
Ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо омодагӣ изҳор намуданд.
Шевки Мутевеллиоглу ба Сафир ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик арз намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани маъмурияти дипломатӣ комёбиҳо орзӯ намуд.