Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

21.07.2016 16:31

21 июли соли 2016 ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Ҳайати Мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов барпо гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мазкурро ифтитоҳ намуда, ба рӯзномаи Ҳайати Мушовара ворид намудани баррасии як масъала – фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016-ро пешниҳод намуд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод оид ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ С.Аслов фаъолияти сохторҳои Вазоратро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, зарурати омодагии шоистаро ба чорабиниҳое, ки зимни баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” 9-11 августи 2016 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд, таъкид намуд ва ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ҷиҳати анҷоми корҳои лозима барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба сафарҳои дар пешистодаи ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои ҳайатҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷамъбасти кори Ҳайати Мушовара қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.

Нигористон

Тақвим