21 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словения дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш. Москва) Примож Шелигоро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Словения мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва амният, инчунин дар робита ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.