21 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Ҷумҳурии Индонезияро бо роҳбарии Сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фостер Гултом ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия ва роҳҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм ва саёҳат баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд сурат гирифт.