Фармонҳои Президенти Тоҷикистон

22.07.2016 11:02

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии
Урдун таъин намудани Зубайдов З.Н.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдов Зубайдулло Наҷотович ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 июли соли 2016
№725

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии
Демократии Алҷазоир таъин
намудани Нозирӣ Х.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 июли соли 2016
№726

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон
таъин намудани Ализода Н.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ализода Назирмад ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 июли соли 2016
№727

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ
таъин намудани Қосимӣ З.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Қосимӣ Заробиддин ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 июли соли 2016
№728

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Сотсиалистии Ветнам таъин
намудани Давлатзода П.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Давлатзода Парвиз ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 июли соли 2016
№729

Нигористон

Тақвим