Вохӯрии Сафир бо Вазири Энергетикаи АМА

21.07.2016 15:36

21 июли 2016 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Баҳодур Шарифӣ бо Вазири энергетикаи АМА ҷаноби Суҳайл Муҳаммад ибни Фараҷ Ал Мазруӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМА-ро дар соҳаҳои мухталиф алалхусус ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ баррасӣ намуданд.

Инчунин дар рафти вохурӣ  натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба АМА, иқдомҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дуҷонибаи ноилшуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим