22 июли соли 2016 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ брифинги ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳайати ИМА-ро Муовини якуми намояндаи махсус оид ба Афғонистон ва Покистон Лорел Миллер роҳбарӣ намуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар брифинг намояндагони сохторҳои қудратӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати ИМА ба саволҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мавриди эҳтимом посух дод.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2011 то ин замон ҷониби ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ брифинг оид ба вазъи Афғонистон барпо менамояд. Ҳадаф аз он табодули назар доир ба раванди барқарорсозӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.