21 июли соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусулмон Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қардоғӣ доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan