21 июли соли 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич нусхаи эътимодномаи худро ба Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Маркета Шарбахова супорид.
Дар ҳошияи вохӯрӣ мулоқоти дуҷониба баргузор шуд, ки дар он оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия ва дурнамои онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия ба Сафири навтаъйини кишвар дар Ҷумҳурии Чехия дар иҷрои вазифаи баланди дипломатӣ ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар комёбӣ орзу намуд.