10 июли соли 2016 дар толори мақомоти вилоят мулоқоти консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Файзобод У.Назаров бо Аҳмад Файсали Бегзод, волии Бадахшони ҶИА, баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори сипос аз пазироии самимӣ, аз тасмими Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ки дар асоси дархости роҳбарияти олии кишвари пазиранда 11-12-уми моҳи май амалӣ гардида буд, дар бораи бозкушоии Консулгарии Тоҷикистон дар ш. Файзобод иттилоот пешниҳод намуд.
Зимнан илова гардид, ки муносибатҳо бо Афғонистон дар феҳрасти авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта ҷониби Тоҷикистон ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти марказӣ ва маҳаллии Афғонистон дар ростои барқарор намудани суботу оромӣ ва таъмини амният дар қаламрави вилояти Бадахшони Афғонистон ифтитоҳи дубораи Консулгариро руйи даст гирифтанд.
Волӣ бо намояндагӣ аз мардуми вилоят, хосатан 9 вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъолияти муассисаи консулии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат ба рафтуомади мардум, тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни Бадахшони Афғонистон, ВМКБ ва вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ намуд.
