Маросими супоридани эътимоднома ба Амири Давлати Қатар

31.07.2024 15:21

31.07.2024.15.28.jpg

30 июли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ба Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ эътимодномаи худро супорид.

Пас аз маросими тақдими эътимоднома суҳбати сафир бо Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар доир гардид. Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Аълоҳазрат Амир Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ расонид.

Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои мухталиф ва табодули сафарҳо, аз ҷумла сафарҳои сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим