9 августи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остона иштирок кард.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти иртиботи сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои "иқтисоди сабз", инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин перомуни рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақа табодули афкори судманд сурат гирифт.
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро мувофиқа намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan