Вохӯрӣ бо Муовини раиси гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса

27.07.2016 12:00

26 июли соли 2016, дар Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии Парлумон)-и Фаронса мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров бо Муовини раиси гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Фаронса, узви Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии САҲА, собиқ Вазири нақлиёт Тиеррӣ Марианӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо, бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди гуногунҷабҳаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса, аҳамияти густариши ҳамкориҳоро аз ҷумла дар доираи Гурӯҳи парлумонии дӯстӣ таъкид намуданд.

Вакили мардумӣ ба вазъияти ноороми Афғонистон, хусусан дар минтақаи сарҳадӣ ишора карда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар пешбурди ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла дар мавзӯи мубориза бо экстремизм ва терроризм баён намуд.

Дар навбати худ, Сафири Тоҷикистон ба оилаҳои қурбониёни ҳамлаҳои террористии ахир дар Нитса ва Руан тасаллият изҳор карда, иродаи  қавии Ҳукумати Тоҷикистонро дар идомаи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин вабои асри 21 баён намуд.

Вохӯрӣ бо Муовини раиси гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса

Нигористон

Тақвим