18 июли 2016 дар Қасри подшоҳии Истана Негара дар Малайзия маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ баргзор гардид.
Пас аз анҷоми супоридани эътимоднома Шоҳи Малайзия Аълоҳазрат Алмуътасим Биллоҳи Муҳибуддин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муадзам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳ дар ҳузури Вазири корҳои хориҷии Малайзия Сафири Тоҷикистонро пазируфта, суҳбати хосса анҷом дод. Зимни ин суҳбат Сафир ба Шоҳи Малайзия паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Ҷонибҳо зарурати густариш додани муносибатҳои дӯстонаро дар тамоми соҳаҳо, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду кишвар мебошанд, таъкид намуданд.