13 августи соли 2024 дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода ва намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар масоили СҲШ Чжан Хайчжоу роҳбарӣ карданд.
Дар рафти машваратҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар доираи созмон дар давраи раёсати дарпешистодаи Чин мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тамаркузи махсус ба иқдомоти муштараки Душанбе ва Пекин ҷиҳати пешбарии ташаббусҳои якдигар зимни такмили СҲШ карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan