Иштирок дар дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ҳамоиши 3-юми "Садои ҷаҳони Ҷануб"

17.08.2024 14:11

17.08.2024.14.12.png

17 августи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи маҷозии вазирони корҳои хориҷии Ҳамоиши 3-юми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони “Таҳияи намунаи беназир барои ҷаҳони Ҷануб” иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти нишаст иштирокчиён ба масоили мавриди таваҷҷуҳи умум, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисоди сабз, коҳиши камбизоатӣ, тиҷорати баналмилалӣ ва занҷираи таъминоти трансмиллӣ таъкид намуданд.

С. Муҳриддин зимни суханронии худ бо тамаркуз ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои Ҳукумати кишварро дар масоили об ва ҳифзи пиряхҳо, махсусан қатъномаи СММ оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муаррифӣ намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим