29 августи соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо ректори Донишгоҳи Қатар доктор Умар Муҳаммад ал-Ансорӣ доир гардид.
Дар рафти суҳбат роҳҳои таҳкими ҳамкории донишгоҳи мазкур бо муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон, табодули мутахассисон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, забономӯзии донишҷӯён ва тавсеаи робитаҳо байни пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистону Қатар ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan