3 августи соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидие Леруаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон табодули назари ҷонибҳо доир ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳарду кишвар судманд сурат гирифт.
