3 августи соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов Игорро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

