3 августи соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар сиғаи С5+1, ки дар ш. Вашингтони ИМА баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар рафти чорабинии болозикр масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни суханронии худ, Вазири корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро дар давоми 25 соли Истиқлолият баланд арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн дар сиғаи С5+1 иброз намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон умедвор аст, ки сиғаи С5+1 дар рушди ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА такони тоза хоҳад бахшид.
Дар рафти чорабинӣ, ҷонибҳо лоиҳаҳои дар чаҳорчӯби сиғаи С5+1 таҳияшударо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, муҳити зист ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ намуданд. 