Мизи мудаввари тиҷоратӣ дар мавзӯи Рушди имкониятҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ

04.08.2016 10:12

Нимаи дуюми рӯзи 3 августи соли 2016 бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорони ИМА мизи мудаввари тиҷоратӣ дар мавзӯи “Рушди имкониятҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ” дар бинои Палатаи савдои ИМА баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур мубодилаи афкор дар мавзӯи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақими ИМА ба минтақаи Осиёи Марказӣ, бартараф намудани монеаҳо ва рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба се ҳадафи стратегии кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, рушди тиҷорат дар минтақа бо истифода аз зарфиятҳои мавҷудбуда мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таъмини пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ муайян намуда, барои фароҳам овардани муҳити солими сармоягузорӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Мизи мудаввари тиҷоратӣ дар мавзӯи Рушди имкониятҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нигористон

Тақвим