Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “25-солагии Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ”

04.08.2016 10:28

Шоми 3 августи соли ҷорӣ дар бинои Палатаи савдои ИМА чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “25-солагии Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ” бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Вазири энергетикаи ИМА Эрнест Мунис, Муовини Раиси Палатаи савдои ИМА Роберт Шродер, Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Бисвал ва дигар намояндагони сохторҳои мухталифи ИМА баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии фарҳангӣ намоиши асарҳо ва асбобу анҷоми санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ, баромади ҳунармандон ва мусиқинавозони кишварҳои минтақа доир гардид.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар  баромадҳои хеш дар чорабинии фарҳангӣ аз дастовардҳои кишварҳояшон дар даврони 25 соли Истиқлолияти кишварҳои минтақа ёдовар шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “25-солагии Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ”  

Нигористон

Тақвим