Мулоқот бо Муовини котиби давлатии ШМА

05.08.2016 03:14

4 августи соли 2016 дар доираи сафари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вашингтон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии С5+1 мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Муовини котиби давлатии ШМА Энтони Блинкен баргузор гардид.

Зимни мулоқот доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо натиҷаи мулоқоти вазирони С5+1-ро дар Вашингтон мусбат арзёбӣ намуда, аҳамияти баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва муҳити зистро дар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Мулоқот бо Муовини котиби давлатии ШМА

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим