04 августи соли 2016 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Чин бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Чин, роҳбарияти СУАР ва котиботи ЭКСПО-и «Чин-Евразия», ҷамъомади навбатӣ бо пешниҳоди намоиши имкониятҳои СУАР, бо номи «Форуми Лантин», ки ба он роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишвари иқомат низ даъват шуданд, баргузор гашт.
Дар доираи ин Форум муаррифии СУАР-и Чин ва ЭКСПО-и «Чин-Евразия» сурат гирифт.
Дар чорабинии мазкур Вазири корҳои хориҷии Чин ҷаноби Ван И, Ҳокими СУАР ҷаноби Шухрат Зокир, Сафири Тоҷикистон дар Чин П.Давлатзода, Сафири Белорусия К.Рудий, собиқ сафирони Чин ва роҳбарияти Котиботи ЭКСПО-и «Чин-Евразия» суханронӣ намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла оид ба рушди ҳамкориҳои кишвари мо бо СУАР сухан ронда, қайд намуд, ки дар таъмини сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ, дӯстии устувор, ҳамсоягии нек ва муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Чин, рушди муназзами робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ нақши намоён доранд.
Дар суханронӣ аз рушди бонизом ва натиҷаи ҳамгироии Тоҷикистон ва СУАР дар соҳаи амният, рушди баланди ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои муваффақ дар татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги аҳамияти минтақавӣ дошта, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон аҳамияти ташаббуси Сарвари давлати Чин дар бораи эҷоди “Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим” ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва СУАР таъкид гардид.
