Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар натиҷаи Мулоқоти дуюми вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1, ки 3 августи соли 2016 дар ш.Вашингтон баргузор гардид, Эъломияи дуюми муштараки шарикӣ ва ҳамкориро қабул намуданд. Вазирони корҳои хориҷии шаш кишвар ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар сиғаи С5+1 бори дигар таъкид карданд. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оғози татбиқи панҷ лоиҳаи муштаракро эълом намуданд, ки ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим, инчунин тақвияти муколама оид ба таҳдидҳои муштараки терроризм нигаронида шудаанд. Ҳамчунин, тарафҳо барои дастгирии татбиқи ин лоиҳаҳо ӯҳдадории худро иброз намуданд.
Дар остонаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо таъкиди эҳтиромгузории мутақобилаи доимӣ ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва якпорчагии ҳудудии ҳар як кишвар, Котиби давлатӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ тасмимоти давлатҳои худро ба таври зайл эълом доштанд:
· Таҳкими минбаъдаи абзори дипломатии С5+1 ҳамчун як воситаи муколама ва талошҳои муштарак тавассути мулоқотҳои навбатии вазирон ҷиҳати мубодилаи афкор дар хусуси масоили мавриди эҳтимоми муштарак, тавассути татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан ҳамоҳангшуда ва чорабиниҳои ояндаи С5+1;
· Татбиқи тадбирҳои пешбурди савдо ва рушди долонҳои нақлиётӣ тавассути ин минтақа барои таъмини дастрасии бештар ба бозорҳо, такмили самаранокии нақлиёт, инчунин таҳкими рақобатпазирӣ дар ин минтақа ва дар бозорҳои байналмилалӣ;
· Тақвияти бахшҳои логистикӣ дар паҳнои Осиёи Марказӣ ҷиҳати густариши савдои минтақавӣ ва таҳкими зарфиятҳои сармоягузорӣ;
· Беҳтарсозии фазои мусоиди соҳибкорӣ дар минтақа бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва пешбурди соҳибкории маҳаллӣ, инчунин тавсеа ва таҳкими робитаҳои соҳибкорон ва сармоягузорон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
· Мусоидат ба коркарди захираҳои нерӯи таҷдидшавандаи минтақа;
· Дастгирии банақшагирии сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ, инчунин татбиқи тадбирҳои зарурӣ барои омодагирӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири шадиди тағйирёбии иқлим;
· Густариши ҳамкориҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои фаромарзӣ, аз қабили терроризм ва қочоқи яроқҳои қатли ом, маводи нашъаовари ғайриқонунӣ ва хариду фуруши одамон;
· Саҳмгузорӣ ба саъю талошҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии яроқҳои қатли ом, аз ҷумла бо риояи муқаррароти Аҳднома оид ба минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ва пайгирии ба қувваи амал даромадани Протоколи Аҳднома;
· Тақвияти муколама оид ба таҳдидҳои ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ, инчунин табодули таҷрибаи пешқадам дар самти мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии тундгароӣ ва зӯроварӣ;
· Идомаи дастгирии Афғонистон ва рушди он ҳамчун як давлати мустақил, осоишта, инкишофёбанда, бо эътирофи он, ки вазъият дар Афғонистон ҳамчун омили муҳими амният ва суботи тамоми минтақа боқӣ мемонад;
· Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи башардӯстона ва равобити васеъ байни одамон, инчунин ҳавасмандкунии мубодилаҳои васеътар дар соҳаи маориф, фарҳанг ва соҳибкорӣ.
· Ҳимояи ҳуқуқҳои башар, рушди ниҳодҳо ва таҷрибаҳои демократӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути эҳтиром ба меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи универсалӣ оид ба ҳуқуқҳои башар, Эъломия оид ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Санади ниҳоии Ҳелсинкии Конфронси амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо;
· Ҳамоҳангии лоиҳаҳо ва муколамаҳо бо дигар абзорҳои шарикони байналмилалии сиғаи С5 дар масоили мавриди эҳтимоми муштарак; ва
· Вазирон миннатдории хешро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои мизбонӣ ва баргузории Мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии сиғаи “С5+1” изҳор менамоянд.