19 сентябри соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Раёсати Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла содироти меваю хушкмева ва маҳсулоти хушсифати гӯштӣ аз Тоҷикистон ба Қатар тавассути ҳамлу нақли ҳавоӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои соҳаҳои гидроэнергетика, саноату истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan