Маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид

23.09.2024 14:21

23.09.2024.14.33.jpg

22 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Саммити Оянда дар Ню-Йорк миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UNU) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ имзо гардид. Ҳадафи Ёддошти мазкур густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, тавассути Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) мебошад.

Ҳамкории тарафайн ба ҳалли мушкилоти муҳими экологии глобалӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои марбут ба об, муҳити зист, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст. Ҳамкории мазкур ба табодули дониш, ташаббусҳои вобаста ба зарфиятсозӣ ва тадқиқот ба хотири дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Ин санад ҳамзамон ташаббусҳои илмӣ, технологӣ, фанноварӣ ва рушди устуворро тибқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 тақвият хоҳад дод.

Маросими баимзорасонии ин санад, ки азму иродаи ҷонибҳоро барои пешбурди равишҳои илмӣ дар ҳалли мушкилоти муҳимтарини экологӣ инъикос менамояд, дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Дабири кулли СММ, ректори Донишгоҳи СММ Тшилидзи Марвала сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим