Таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар Теҳрон

23.09.2024 16:03

23.09.2024.15.59.jpg

22 сентябри соли 2024 дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо иштироки ҳамватанон, ки дар Эрон зиндагӣ ва фаъолият доранд, чорабинии идона бахшида ба солгарди 33-юми Истиқлолияти Тоҷикистон доир гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н. Зоҳидӣ дар суханронии шодбошии худ Истиқлолиятро бузургтарин дастоварди миллати тоҷик номида, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва ташаккули давлатдории миллӣ таъкид намуд.

Ба таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабинии идона намоиши китобҳои Пешвои миллат, осори ҳунарҳои дастии миллӣ ва намунаи ғизоҳои тоҷикӣ пешкаш гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим