23 сентябри соли 2024 дар Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ричард Верма баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин тарафҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳад, қочоқи маводи мухаддир, мубориза алайҳи терроризм ва ифратгароӣ махсусан тамаркуз намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan