26 сентябри соли 2024 дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) ширкат ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ ба аҳамияти таҳкими иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла рушди долонҳои нақлиётӣ ва тиҷоратии минтақавӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.
С.Муҳриддин ҳамчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва иқлим рӯй оварда, аз давлатҳои LLDC даъват намуд, ки аз имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” истифода намуда, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (ш. Душанбе, соли 2025) фаъолона ширкат намоянд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan