26 сентябри соли 2024 дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
Вазирон масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории СААД ва омодагӣ ба иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъиро, ки даҳаи сеюми моҳи ноябри соли 2024 дар Остона дар назар аст, муҳокима карданд.
Дар рафти ҷаласа табодули афкор атрофи Барномаи мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки баимзорасонии он дар рафти саммити дарпешистода дар назар аст, сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan