
27 сентябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ С. Муҳриддин бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ташаннуҷ ва омилҳои бесуботӣ, аз ҷумла афзоиши хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин мушкилоти экологӣ, аз кишварҳои узви СҲИ ҷиҳати роҳандозии талошҳои муштарак баҳри муқовимат ба чолишҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват ба амал овард.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин, бо таъкид бар аҳаммияти “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” кишварҳои узви СҲИ-ро ҷиҳати иштирок дар Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланди “Раванди Душанбе”, ки рӯзҳои 4-5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт баргузор мегардад, даъват намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan