27 сентябри соли 2024 cафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар маросими ихтитомии нахустин ҷашнвораи байналмилалии “Шоҳномахонӣ” дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзид.
Зимни суханронӣ cафир мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро дар таърихи ақвоми ориёӣ таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон” номид, ки бо нубуғи адабӣ ва табъи яздонии Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуд ва ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷику форс ва намунаи олии суханварӣ эътироф гардид.
Сафир зарурати шинохти “Шоҳнома”-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии ақвоми ориёӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи “Шоҳномахонӣ” дар Тоҷикистон ва нақши ин ибтикор дар шинохти шоҳкори Фирдавсӣ ёдовар шуд.
Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат доир ба нашри “Шоҳнома” ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.
Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синну соли мухталиф аз кишварҳои гуногун, 5 нафар шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ ширкат варзиданд. Яке аз ин нафарон - Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи “шоҳномахони ҷавони хориҷӣ” аз ҷониби ҳайати доварон ғолиб дониста шуд ва сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардид.
Қарор шуд, ки ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ минбаъд ҳамасола ба ҳузури шоҳномахонон аз кишварҳои минтақа баргузор гардад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan