11 августи соли 2016 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ҳайати сармоягузории ин кишвар, Ҳамраиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ шоҳзода Сауд ибни Холид Ал-Файсал мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар ва омодагӣ ба баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки моҳи январи соли равон ҷараён гирифта буд, зоҳир гардид.
