28 сентябри соли 2024 дар шаҳри Сеул чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинӣ сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони мақомоти давлатии Корея, ВАО-и кишвари иқомат ва донишҷӯёну ҳамватанон иштирок намуданд.
Дар чорчӯби он Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Корея ва муаррифии китоби “Олами гулдӯзии тоҷикон”, ки бо ибтикори Сафорат ба чоп расид, доир шуд.
Дар кори Форум донишҷӯёни фаъол оид ба ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо маъруза баромад карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan