Муаррифии молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон

01.10.2024 17:50

28 сентябри соли 2024 дар шаҳри Кокшетауи вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло ва ҳокими вилояти Акмола Марат Ахметжанов иштирок намуданд.

Дар ярмарка 30 номгӯи молу маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 400 тонна, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, 100 тонна маҳсулоти саноатии консерва, обҳои нӯшокӣ, афшураи меваю сабзавот, хушкмеваҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра ба сокинони вилояти Акмола пешкаш карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи чорабинии болозикр сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими вилояти Акмола Марат Ахметжанов, муовинони ӯ, роҳбарони дастгоҳи марказии вилояти Акмола ва намояндагони диаспораи тоҷик, шаҳрвандони кишвар, ки дар вилояти Акмола кор ва фаъолият мекунанд, мулоқотҳо баргузор намуд.

Зимни мулоқот бо ҳокими вилояти Акмола доираи васеи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аҳамияти калони ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармояи мустақим ва имкониятҳои содиротии Тоҷикистон, ҳамкории зич бо минтақаҳои саноатӣ ва кишоварзии ҳарду ҷониб қайд гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим