1 октябри соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони ин мақом чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар саҳни Вазорат лавҳаҳои таърихӣ ва дастовардҳои дипломатияи тоҷик дар 33-соли Истиқлолияти давлатӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки иштирокчиёни чорабинӣ бо онҳо шинос шуданд. Сипас ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар сухани табрикотии худ таъкид кард, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ, таъмини самаранокии истифодаи захираҳои об, ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи он ва дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардиданд, ки ба унвони дастовардҳои муҳим ва талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.
“Дипломатияи тоҷик дар тӯли се даҳсолаи охир ба камол расида, такягоҳи боэътимоди кишвар дар татбиқи барномаҳои стратегӣ ва тақвияти соҳибихтиёрии он, пешбурди сиёсати давлат, муаррифгари ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва дигар масоили аҳамияти глобалидошта гардид.” – иброз намуд дар суханронии худ С. Муҳриддин.
Дар чорабинӣ аз ҷумла, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан кормандони Вазорат аз ҷониби роҳбарият бо медал, ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan