17 августи соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаокаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон доир ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои барои ҳарду кишвар судманд табодули назар сурат гирифт.
