Мулоқот бо ноиби раис-директори иҷроияи Фонди Саудии рушд

18.08.2016 10:50

17 августи соли 2016 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ноиби раис, директори иҷроияи Фонди Саудии рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Фонди Саудии рушд баррасӣ шуд.

Дар ин росто таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкориҳо дар беҳсозии зербинои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва энергетика зоҳир гардид.

Ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши доираи ҳамкорӣ таъкид доштанд.

Мулоқот бо ноиби раис-директори иҷроияи Фонди Саудии рушд

Нигористон

Тақвим