Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

07.10.2024 14:26

5 октябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, қайд карда шуд.

Ҳамчунин роҷеъ ба ғамхорию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошт ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Махсусан таъкид шуд, ки нақши муҳим ва мақоми воқеан давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон, бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.

Худи ҳамон рӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат, чорабинӣ баргузор кард.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии шодбошии худ, зикр кард, ки мардуми тоҷик Рӯзи забони давлатиро чун ҷашни фархунда, рамзи муҳаббату садоқат ба забони тоҷикӣ таҷлил менамоянд.

Сафири Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид кард, ки забони тоҷикӣ арзиши бузурги миллӣ, нишонаи дурахшони истиқлоли сиёсӣ ва таҷассуми таърихи халқи тоҷик мебошад ва аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди забони модарӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, баҳри таҳкими он тадбирҳои судманд андешида, барои пешбурди ин самти сиёсати миллӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.

Дар бахши дуюми чорабинӣ дӯстдорони забони давлатӣ аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим