Иштироки вазир дар ҷаласаи ШВКХ ИДМ

07.10.2024 16:22

7 октябри соли 2024 дар шаҳри Москва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи ИДМ табодули афкор намуданд.

Зимни суханронии худ С.Муҳриддин қайд намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодӣ дар ҳошияи ИДМ бояд тавассути тавсеаи тиҷорати мутақобила, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба рушди мутаносиби иқтисодии давлатҳои иштирокдор мусоидат намояд.

Вазир ҷонибдори таҳияи бодиққат ва касбии Нақшаи марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030) татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2030 буда, изҳори умедворӣ кард, ки ин «харитаи роҳ» ба мустаҳкам шудани мавқеи ИДМ дар муносибатхои иктисодии ҷахонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти давлатҳои иштирокдор мусоидат мерасонад.

Таваҷҷуҳи хоса дар суханронӣ ба масъалаҳои муҳоҷират зоҳир гардид. Қайд гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират дар фазои ИДМ муносибати ҳамаҷониба ва эҳтиёткорона, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари ирсолкунанда, худи шаҳрвандони хориҷӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат мегирад, зарур аст.

Дар заминаи масъалаҳои амниятӣ вазир дар бораи ҷонибдории хеш вобаста ба андешидани чораҳои пешгирикунанда дар доираи ИДМ оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сухан кард. С.Муҳриддин аз кишварҳои Иттиҳод даъват ба амал овард, то дар Конфронси навбатии байналмилалӣ, ки аввали моҳи ноябр аз ҷониби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СММ ва ҳукумати Кувайт дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мегардад, ширкат варзанд.

Аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2026 оид ба татбиқи Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавононро тасдиқ намуда, тасмим гирифтанд, ки чаҳор ташкилоти нави заминавӣ дар соҳаҳои фаъолияти адвокатӣ, воситаҳои ахбори омма ва инкишофи ҳаракати ихтиёркорон таъсис дода шавад.

Ҳамзамон як қатор изҳороти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ ва байналмилалӣ қабул гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим