23 августи соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва густариши бемайлони ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ роҳҳои татбиқи созишномаҳо ва тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи майи соли ҷорӣ дар Кувайт ҳосил шуданд, баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар атрофи татбиқи муштараки тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон бо ҷалби доираҳои сармоягузор ва бунёдҳои хайриявии Кувайт табодули назар сурат гирифт.
С.Аслов ба Сафири Давлати Кувайт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳори сипос намуд.
