8 октябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин муовини ёвари маъмури Агентии рушди байналмилалии ШМА (USAID) оид ба масъалаҳои Осиё Анҷали Каурро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот роҷеъ ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва USAID бо тамаркуз ба лоиҳаву барномаҳои ҷории он дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, муҳоҷират, тандурустӣ, маориф, инчунин шарикӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ доир ба масоили обу энергетика ва савдо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan