24 августи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Директори минтақавии Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Аргентина Сабадошро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СБМ дар соҳаи муҳоҷират, амалисозии барномаву лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои минбаъдаи созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ва масъулияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи иҷтимоии онҳо табодули назар карданд.
