Мулоқот бо мудири иҷроияи Холдинги байналмилалии сармоягузорӣ дар Қатар

11.10.2024 17:35

11.10.2024.17.29.jpg

10 октябри соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ва мудири иҷроияи Холдинги байналмилалии сармоягузорӣ (JTA International Investment Holding) ва раиси “JTA Energy” Амир Алӣ Салемӣ мулоқот намуд.

Ҷонибҳо атрофи барқарорсозии абзорҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзию озуқаворӣ, тандурустӣ, саёҳат, нақлиёт, бонкдорӣ, канданиҳои фоиданок ва сарватҳои табиӣ, сохтмону инфрасохтор ва варзиш табодули назари судманд анҷом доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим