10 октябри соли 2024 брифинги маҷозии намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Кувайт дар СММ ва Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои амнияти сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайти Раванди Душанбе” (ш. Ал-Кувайт, 4-5 ноябри 2024) баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки Конфронси мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Дафтари зидитеррористии Созмони Милал дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ташкил хоҳад шуд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Давлати Кувайт дар СММ Тариқ Ал Банай ва муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков ба иштироккунандагон дар бораи барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотии Конфронси байналмилалии мазкур ва инчунин “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Намояндаи доимии кишвар инчунин изҳор намуд, ки “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ҳамчун як платформаи байналмилалӣ заминаи муҳимеро барои ҳамкориҳо, мусоидат ба муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор фароҳам меорад.
Муовини Дабири кулли СММ қайд намуд, ки Конфронси мазкур тавсеаи “Раванди Душанбе” буда, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои зиддитеррористӣ дар минтақаҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равона гардидааст. Ба назари ӯ марҳилаи Кувайти Раванди Душанбе талошҳои минтақавӣ ва байналмиллалии мубориза бо терроризмро тақвият бахшида, барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат хоҳад кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan